Ба гузориши хабаргузории АБНА, Ҳизом ал-Асад, узви барҷастаи дафтари сиёсии ҷунбиши Ансоруллоҳи Яман бо нашри як пост эълон кард, ки нерӯҳои амниятӣ муваффақ шуданд амалиёти террористии режими Саудӣ тавассути мотосиклҳои бомбагузорӣ шуда ва унсурҳои интиҳорӣ алайҳи баъзе бозорҳо ва масҷидҳои Саноро хунсӣ кунанд.
Вай афзуд, ки ин амалиёт бидуни боқӣ мондани хисорот ё талафот хунсӣ шуд ва омилони дахлдор дар он, ки ҳамаашон бо хадамоти иттилоотии Арабистони Саудӣ дар иртибот буданд, боздошт шуданд.
Ал-Асад баён кард: «Ин амалиёти террористӣ ёдовари амалиёти террористӣ алайҳи масҷидҳо дар Сано ва Саъда дар моҳи марти соли 2015 аз сӯи омилони интиҳории саудӣ ҳангоми баргузории намози ҷумъа аст. Хадамоти иттилоотии Арабистони Саудӣ пеш аз он низ дар соли 2014 майдони Таҳрири Саноро ҳадаф қарор дод ва дар соли 2013 низ 12 омили интиҳории саудӣ беморхонаи ал-Ардии Саноро ҳамла карданд.»
Вай тасреҳ кард: «Истифодаи дубораи ин абзорҳои террористӣ аз сӯи режими Саудӣ баёнгари хӯи доишӣ ва такфирии ин режим ва шикаст дар баробари иродаи миллати Яман аст.»
Your Comment